Дар давраи ҳисоботӣ 10 нафар омӯзгору донишҷӯ, тибқи барномаи табодули академӣ ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ сафарбар шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки беҳдошти сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҳадафҳои муҳими раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, ҳамасола курсҳои бозомӯзӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки мутахасисони хориҷӣ ташкил карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон лоиҳаи байналмилалӣ амалӣ шуда истодаанд, ки ба самти табодули омӯзгорону донишҷӯён ба донишгоҳҳои хориҷӣ, нашри китобу барномаҳои таълимӣ ва дигар самтҳо равона шудаанд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар донишгоҳ 61 нафар донишҷӯ аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Озарбойҷон ва Узбекистон дар риштаҳои мухталиф таҳсил намуда истодаанд.