Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халафов Халаф Алӣ оғлу мулоқот намуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ, энергетикӣ, саноатӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илм ва маориф баргузор гардид.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳамаи бахшҳо, танзими сафарҳои мутақобил, инчунин коркарди абзорҳои нави равобити мутақобил табодули афкор намуданд.