Дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия Маҳмадшариф Ҳақдод бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия хонум Минна Мари Моруджарви баргузор гардид.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Муколамаи намояндагони ду кишвар асосан дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Финляндия сурат гирифт.