Осорхонаи кишваршиносии “Кӯҳсори Аҷам” сайёҳони дохиливу хориҷиро бо нодиртарин нигораҳои таърихии кишвари мо шинос мекунад. Осорхона дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт воқеъ буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акобиров Мирзошо бунёд гардидааст. Дар он зиёда аз 2400 адад нигораю ангораҳо ҷамъоварӣ шуданд.
Тавре ки мудири бахши сайёҳии ноҳияи Рашт Ҳайдарзода Одилҷон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Моҳираи Иброҳим иттлоъ дод, дар баробари ин, дар ноҳия боз аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ 3 меҳмонхонаи наву замонавӣ, 1 хостел, нуқтаҳои гуногуни сайёҳӣ, боғи ботаникӣ, маркази ҳунармандию иттилоотӣ, дуконҳои тиҷоратӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
“Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар ноҳияи Рашт 8 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид, ки барои дӯстдорони сайру саёҳат хизмат менамояд. Бахши Кумитаи рушди сайёҳии ноҳияи Рашт барои рушд додани соҳа, ҷалби бештари сайёҳон ба табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, боғҳои меваҳои шаҳдбор ва ба ин васила афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ корҳои зиёдеро ба самон расонидааст”,- гуфт Ҳайдарзода Одилҷон.
Ба зикри номбурда, ноҳияи Рашт дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ мебошад. Дар он мавзеъҳои нодир зиёд буда, табъи бинандаро болида мегардонанд. Барои ҷалби таваҷҷӯҳ тавассути сомонаи сайёҳии ноҳия ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (facebook, YouTube ва instagram) аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳия расму наворҳо омода гардида, мунтазам пахш карда мешаванд.
Дар нимсоли аввали соли равон ба ноҳия 1241 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ин шумора 1159 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 83 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил доданд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат назаррас буда, он ба беҳбудии сатҳи хизматрасонӣ, эҳёи туризми мактабӣ, омодасозии хатсайрҳои нав мусоидат намуд.
Ҳамин аст, ки дар мамлакат рушди самтҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ-кӯҳӣ, экологӣ, таърихию омӯзишӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва истироҳатӣ ба роҳ монда шудааст, ки боиси таваҷҷӯҳи сайёҳон гардидааст. Ин аст, ки Тоҷикистон дар самти сайёҳии ҷаҳонӣ мавқеи намоён дорад.