29 августи соли 2022 бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK), ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Олмон (DIHK) вебинари маҷозӣ дар мавзӯи “Технологияҳои ҳифзи муҳити зист бо тамаркуз ба гидроэнергетика ва таъмини об” баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии фосилавӣ сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳои худ вобаста ба имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ суханронӣ карданд.
Имомудин Сатторов дар суханронии худ таъкид дошт, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳарчи бештари равобит бо Олмон дар самти иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, манбаъҳои энергияи таҷдидпазир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода ҳамчун самтҳои ояндадор дониста мешаванд.