Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули овозхонон ва мутрибон ба ҳайати ансамбли эстрадии «Ориё» озмун эълон менамояд.
ШАРТҲОИ ОЗМУН
- Иҷроиши 2 суруд дар мавзўи озод бо риояи тамоми талаботҳои жанри эстрада;
- Сурудҳо бояд малакаи овозхонӣ, диапазон, шунавоии мусиќї ва маҳорати саҳнавиро фаро гиранд;
- Иҷроиш дар сози мусиқии эстрадӣ ва аврупоӣ (флейта, труба, тромбон, саксофон, кларнет, фагот, фортепиано, гитара, аккордеон, баян, скрипка, виолончел, созҳои зарбӣ, синтезатор ва ғ.) аз эҷодиёти композиторони тоҷик, мусиқӣ ва жанрҳои эстрадӣ ё асари худи довталаб дар доираи талаботҳои жанри иҷрокунандагӣ;
- Ба шахсони дорои маълумоти миёнаи махсуси касбӣ ва ё олии касбии мусиқӣ афзалият дода мешавад.
БА ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:
- Ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
- Варақаи шахсӣ бо 2 дона расми рангаи 4х6;
- Тарҷумаи ҳол;
- Нусхаи шиноснома;
- Нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
Озмун рўзи 1-уми октябри соли 2022 ҷамъбаст карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳамарўза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рўзи якшанбе) бо нишонии ш. Душанбе, кўчаи Шероз 31, ба раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос:
227-97-26; 227-65-69