Ба муносибати нишасти 22-юми Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай китоби «Конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» аз чоп баромад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба «Овози Самарқанд» иттилоъ медиҳад.
Китоби мазкур аз ҷониби Маркази миллии Ҳуқуқҳои инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ омода гардида, дар нашриёти «Тасвир» чоп шудааст.
Дар китоб матни конститутсияҳои кишварҳои узви СҲШ – Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон гирд оварда шудааст.
Он ҳувияти конститутсионии ҳар як кишвари узви СҲШ-ро ошкор мекунад.