Тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни 15 боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.
Дар ҳақикат баъд аз ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо, мулоқоти дустонаашон бо Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳои бисёри ҳамкорӣ шодию хурсандии ду миллати чандинҳазорсолаҳо бо ҳамдигар дӯсти қарин бударо зиёд намуд. Ду миллати тамаддунофар ин рӯзи таърихиро дер боз интизор буданд ва хушбахтона ин рӯзи тамадунсоз фаро расид.
Зимни суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст. Гузаштагони мо дар рушди илм, назм ва насри ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо шаҳрҳо ва иншооти меъмории хусусияти тамаддунидошта бунёд карданд. Моро мероси бойи маънавӣ ва фарҳангии дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда муттаҳид месозад. Мероси бойи халқҳои мо ба зиммаи мо — сиёсатмадорон, вазифа мегузорад, то муносибатҳоеро, ки ниёгонамон барқарор кардаанд, ҳифз ва афзун намоем, фазои дӯстию ризоиятро барои наслҳои оянда аз ҳар ҷиҳат, ба мисли Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ таҳким ва ғанӣ гардонем».
Дар ин рӯз нигоҳи ду халқ – тоҷику узбек, ки аз азал ҳамдаму ҳамхуну ҷон, дусту бародар, хешу ақрабо мебошанд, ба вохӯрии ду дӯст, сарварони ду мамлакати ҳамсоя нигаронида шуда буд. Ин дидор барои ду миллат ва халқхои мо ду давлат, ки дӯстиамон зиёда аз 20 сол шикаста буд, боз дубора мисли пораҳои об ба ҳам омаданд. Мо аз ин воқеъият натиҷа мегирем, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайвандад.
Халқҳои мо аз кадимулайём паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиндагонӣ мекарданд ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба имрӯз бояд ба унвони як пояи маҳкаму устувор барои ҳамкорӣ бошад. Мо аз ҷониби худ барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари тоҷик омодаем. Санадҳои ба имзо расидаи байни кишварҳоямон баёнгари он аст, ки ду ҷониб ташнаи таҳкими робитаҳои дуҷониба, шона ба шонаи ҳам ниҳодану бо боварӣ гомҳои устувор бардоштан барои ба даст оврадан ва расидан ба марзҳои нави ҳамкориҳо мебошанд. Дар аснод орзуҳои қадимӣ, иродаву қотеъияти халқҳои бародари мо таҷассум ёфтаанд».
Агар дар зарфи се-чор соли пеш дар мактабҳои олии Тоҷикистон донишҷӯён аз Ӯзбекистон ягон-ягон дида мешуданд, пас соли равон ба мактабҳои олии ҷумҳурии мо бештар аз 4000 довталабони ӯзбек дохил шудаанд. Ин нишондиҳандаи ҷараёни мусбати рушди муносибатҳо миёни кишварҳои мост.
Пайвандҳои адабӣ миёни шоирони миллатҳои мухталиф дар ҳар давру замон вуҷуд доштааст ва имрӯз низ ин робитаҳо мушоҳида мешавад. Ин робита на фақат ҷиҳати рангорангӣ, зебову муҷалло сохтани ашъори шоирон мутаассир мебошад, балки тавассути он миллатҳо аз тамаддуну фарҳанг, расму русум, адабиёту забон ва дигар арзишҳои миллии ҳамдигар огоҳ мегарданд ва аз чунин арзишҳои миллии ҳамдигар таъсирпазир мешаванд.
Тоҷикон ва ӯзбекҳо дар замонҳои пеш байни ҳамдигар пайвандҳои адабӣ дошта, адибони ӯзбек, аз қабили Турдӣ, Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Убайдуллоҳи Завқӣ дар пайравии адибони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон ғазалу қасида, достону маснавӣ ва асарҳои насриро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълиф мекардаанд.
Аввалин намунаи асаре, ки аз вуҷуди зулисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ гувоҳӣ медиҳад, маснавии «Муҳаббатнома»-и Хоразмӣ мебошад, ки асосан ба ӯзбекӣ ва баъзе фаслу қисматҳои он ба тоҷикӣ навишта шудааст. Бояд гуфт, ки дар марҳалаи аввали худ зуллисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ дар эҷодиёти шоирони ӯзбекзабон, ки дар мактаби шеъру шоирии форсӣ-тоҷикӣ тарбият ёфта, дар баробари ашъори ӯзбекӣ дар пайравии Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Амир Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон шеърҳои тоҷикӣ ҳам менавиштаанд, ба вуҷуд омад ва аз асри ХV ба баъд ба василаи осори Ҷомӣ, Алишери Навоӣ (Фонӣ), Атоӣ, Лутфӣ, Саккокӣ, Биноӣ ва дигар намояндагони адабиёти тоҷику ӯзбек ба авҷи аъло расид.
Устувориву побарҷо мондани дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ заминае гузошт, ки шоирону нависандагони мо дар асрҳои баъдӣ ин намунаи хуби инсонпарваронаро ба худ касб намуданд ва миёни шуарову нависандагони ду миллат муносиботи устувори адабиву фарҳангӣ ба миён омад. Аз зумраи суханварони тоҷик Хоҷа Осафӣ, Амир Шайх Суҳайлӣ, Дарвеш Нозуӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Камолиддин Биноӣ, Асирӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Садриддини Айнӣ ва адибони ӯзбек Амирӣ, Яқинӣ, Машраб, Нодирбегим, Анбар Отун, Дилшоди Барно, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Ҳамза, Фитрат анъанаҳои зуллисонайниро идома доданд, ҳамдастию ҳамкориро ба пардаҳои баланд бардоштанд, ҷилои нав бахшиданд. Ин ҳамдастию ҳамкорӣ алҳол низ чӣ дар адабиёт ва чи дар дигар ҷодаҳои рӯзгори халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои нав пайдо мекунад. Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбекро бе санъати муламмаъот ё ширу шакар тасаввур кардан маҳол аст, зуллисонайнӣ, яъне бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод кардани осори адабӣ ҳисоб меёбад.
Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ, бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Аз эҷодиёти Навоӣ оғоз карда, минбаъд чи дар назми ӯзбек ва чи дар назми тоҷик падидаи зуллисонайнӣ, яъне ба ду забон эҷод кардан, ба таври васеъ ривоҷ пайдо намуд.
Халқҳои тоҷик ва ӯзбек дар замонҳои қадим то ҳол дар ҳамсоягӣ умр ба сар бурда, аз расму оин ва хулқу атвори ҳамдигар бо хабар буда, риштаи ногусастании хешутабории ҳамдигарро то ба ин рӯз расонидаанд. Намояндагони барҷастаи ин ду миллат дар соҳаи адабиёту фарҳанг Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва рафоқатии ин ду миллат мебошанд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Дар ҳақиқат равобити адабиву фарҳангӣ рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон мебошад.
Ба ёд овардан бамаврид аст, ки Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеъаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо таъкид мекунад. Роҳбари давлати тоҷикон ба густариши ҳамешагиву пайвастаи муносибатҳо миёни ду кишвар, ки пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ доранд ва сиёсати дӯстиву ҳамсоягии онҳо пойдор аст, алоқаманд мебошад.
Оре, дӯстии мардуми тоҷику узбек таърихи дерина дошта, тули асрҳо идома ёфта, обутоб ёфтааст, шодию хурсанди ва дарду алами онҳо муштарак буд. Чӣ тавре, ки Боқӣ Раҳимзода гуфтааст: «тоҷику узбек як халканд, ки бо ду забон гап мезананд».
Мирсаид САТТОРИЁН,
муовини сармуҳаррири
радиои бурунмарзии “Овози тоҷик”