
22 августи соли 2022 дар бинои намояндагӣ вохӯрии навбатии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато баргузор гардид, ки дар он ҳайати кормандони муассисаи консулӣ низ иштирок доштанд. Дар ин бора саҳифаи расмии Консулгарӣ дар Фейсбук иттилоъ додааст.
Зимни вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ Консули генералӣ оид ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” маълумот дода, онҳоро барои рушди саноатикунонии кишвар, саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва масъалаи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват ба амал овард.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ аз пайвастшавии ҳамватанон ба ҳаракатҳои террористию ифротӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ, инчунин худдорӣ аз иштирок дар ҷангҳои давлатҳои хориҷӣ, суҳбат гузаронида шуд.
Р.Бобохонзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақшаҳои ояндаи консулӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла таҷлили 31 солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеӣ (ҷавонон-донишҷӯён, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато зимни суҳбат, пешниҳодҳои мушаххаси худро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.