1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
Нахуст оид ба охирин омодагиҳо ба расми ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов маълумот доданд.
Ба Сарони давлатҳо ва дигар иштирокчиёни маросими ифтитоҳи мактабҳои наву замонавӣ оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимӣ видеофилми кутоҳ пешкаш карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 2,4 гектар муассисаи таълимии муосир барои 2448 хонанда дар ду баст сохта шуд.
Дар маҳалли бунёди мактаби нав дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.
Сипас, дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби нави русӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо нутқи пурмуҳтаво оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвар, бахусус дар бораи самараи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф суханронӣ карданд.
Баъди суханронӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар вазъияти тантанавӣ барои буридани лентаи рамзӣ ва ба фаъолият оғоз кардани мактабҳои наву замонавии русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.
Ҳамин тавр баъди кушодани мактабҳои нав маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ба охир расид.