9 сентябр мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), кишварҳои кам тараққикарда (LDCs) ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ (SIDs) хонум Фотима Рабаб, ки ба ин вазифа нав таъйин шудааст, доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба авлавиятҳои Тоҷикистон дар Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 татбиқи Барномаи амали Вена ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (Давҳа, соли 2024) табодули назар карданд.
Инчунин, Намояндаи доимӣ дар бораи ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо маълумот дода, даъват кард, ки дар пешбарии иқдоми мазкур Дафтари Намояндаи Олӣ ва Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ дастгирӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 3 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Пешвои миллат ҳамчунин дар ин қарина бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намуданд.