8 сентябр Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо дастгирии кишварҳои узви Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи дӯстони об, вохӯрии навбатии Гурӯҳро дар сатҳи сафирон доир намуд.
Меҳвари ҳамоиш ба баррасии мавзӯъҳои муколамаи интерактивии Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки соли 2023 дар ш.Ню Йорк доир мегардад, равона шуда буд.
Дар чорабинии мазкур, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаии доимии Шоҳигарии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷаноби Ли Ҷунҳуа ба ҳайси Дабири кулли Конфронси 2023 ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ҷаноби Чаба Короши ба ҳайси панелистон ширкат варзида, ба кишварҳои узв аз раванди тадорукот ба Конфронси 2023, аз ҷумла мавзӯъҳои муколомаи интерактивии Конфронс, ки аз ҷониби мизбонон пешниҳод гардидааст, маълумоти барузшуда пешниҳод карданд. Дар баробари ин, Намояндаи доимии Миср дар СММ Осама Абдулхалиқ низ ба ҳайси панелист ширкат варзида, дар бораи омодагӣ ба 27-ум Конфронси СММ ои ба тағйирёбии иқлим иттилоъ дод.
Инчунин, ширкаткунандагон дар хусуси Рӯзномаи Даҳсолаи об ва аҳаммияти он барои Конфронси об табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.