Имрӯз, 12 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффорова, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот карданд. Дар ин бора Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти хосса ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон табодули андеша карданд.
Сипас, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.
Дар оғоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки мулоқоти имрӯза идомаи мантиқии муколамаи зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон моҳи марти соли ҷорӣ анҷомдода маҳсуб мешавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва нақши муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат мусоидат менамоянд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ҷумла тавассути тамосҳои мунтазами гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва сохторҳои байнипарламентии созмонҳои мазкур низ ҳамкории самарабахш доранд.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки заминаи устувори рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Озарбойҷонро таърихи бисёрсолаи робитаҳои байни ду миллат, ҳамчунин саъю талоши роҳбарони ду давлат фароҳам овардаанд.
Дар зимн таваҷҷуҳи ҷониби Озарбойҷон ба коркарди муштараки масъалаҳо оид ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои дутарафа ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани сохтори он, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, мелиоратсия, логистика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи самарабахши қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб карда шуд.
Дар вохӯрӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо дар доираи рушди ҳамкорӣ миёни пойтахтҳо масъалаи бунёди муҷассамаҳои Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Душанбе ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Боку баррасӣ карданд.