Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон мулоқот намуд.
Тавре Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дод, дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкорӣ дар сатҳи парлумонҳои ҳарду мамлакат тавсеа ёфта, табодул ва ҳамоҳангсозии афкор дар раванди қонунгузорӣ ба рушди робитаҳо сабаб мегардад.
«Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ қаноатмандем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем», — гуфт Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон.
Ба зикри номбурда, механизми муҳими ҳамкорӣ миёни ду мамлакат Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад.
Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон изҳор дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо аз ҳама имконот ва донишу маҳорат истифода менамояд.