Шоми 12-уми сентябр дар бинои Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти хотираи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони Афғонистон шоми шеър таҳти унвони “Шабе бо Масъуди бузург” доир гардид. Дар ин бора Зарангези Маҳмадулло ва Фуруҳар Тоҳирӣ, хабарнигорони бахши дарии радиои “Овози тоҷик”, ки дар ин маҳфил ширкат доштанд, иттилоъ доданд.
Нахуст Суруди миллии Афғонистон садо дод. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Муҳаммад Зоҳир Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон оғоз намуда, ба арвоҳи поки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд санову дуруд фиристод. Ҳамзамон мавсуф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотири шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардониданашон арзи сипос кард ва гуфт, 9-уми сентябри соли 2001 рӯзи талхе буд барои Афғонистон, зеро ин рӯз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва яке аз нерӯмандтарин фармондеҳони зидди “Толибон” аст, ки акнун аз он 21 сол сипарӣ шуд.
“Бисту як сол муқаддам дар остонаи ҳуҷуми террористӣ ба Амрико, Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони пурҷозибаи Афғонистон ва аз раҳбарони эътилофи зидди “Толибон”, қурбони сӯиқасди даҳшатафканҳои “Ал-Қоида” шуд. То лаҳзаи аз дасти ҷангиёни “Ал-Қоида” кушта шуданаш, Масъуди бузург то даҳ дар сади қаламрави Афғонистон, ғолибан манотиқи шимолушарқро зери назар дошт ва охирин садде барои “Толибон” маҳсуб мешуд. Марги Масъуд ва ба дунболи он ҳуҷуми террористии ал-Қоида ба Амрико вазъи Афғонистонро куллан дигар кард, ки имрӯз мо дигарбора шоҳиди он рӯзҳоем, — гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Дар маҳфил, ҳамзамон, Аҳмад Валӣ, раиси Будёди Масъуд суханронӣ намуда, роҷеъ ба рисолати ин Бунёд ва хидматҳои Масъуди бузург қисса кард. “Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 1992, замоне ба Кобул баргашт, ки нерӯҳои муҷоҳидин ҳукумати коммунистии президент Наҷибуллоҳро сарнагун карданд. Ӯ ба мақоми вазири дифоъ таъйин шуд, аммо дуру дароз вазирӣ накард, зеро ҳукумати муҷоҳидин дар заминаи задухӯрдҳои дохилӣ аз ҳам пошид. Соли 1996, вақте, ки “Толибон” ҳуҷуми густардаеро ба самти пойтахт шурӯъ карданд, Масъуд ба минтақаи шимолушарқ кӯчид. Ба зудӣ дараи Панҷшер ба ягона минтақае табдил шуд, ки ба “Толибон”-и тундрав муқовимат мекард. Президент Ҳомид Карзай дар соли 2002 Масъудро Қаҳрамони Миллии Афғонистон эълон кард, зеро зодгоҳи ӯ — дараи Панҷшер ва маҳалҳои ҳамсояи он манотиқе буданд, ки ҳамеша аз Масъуд пуштибонӣ мекарданду зидди “Толибон” мешӯриданд, чуноне ки имрӯз писараш пайи ифои ин рисолат аст.
Дар идомаи маҳфил адибону донишмандон ва шоирон роҷеъ ба Аҳмадшоҳи Масъуд шеъру таронахонӣ карда, мутрибон Файзигул Юсупова, Фаҳим Фано, Ҷаъфари Ҷалол ва Шоираи Раҳимҷон доир ба қаҳрамониҳои ин марди ҷасур суруд хонданд.
Бояд гуфт, ки маҳфили поси хотири Аҳмадшоҳи Масъуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо ташаббуси Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳузури адибону донишмандон, шоирону мутрибон ва дигар намояндагони аҳли зиё доир шуда, имрӯз ба анъанаи густурдае табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки фармондеҳи тоҷик Аҳмадшоҳ Масъуд дар шаҳри Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шуд. Ӯ баъди хатми мактаби фаронсавии “Ал Истиқлол”- и Кобул таҳсилро дар Донишгоҳи политехникӣ идома дод ва дар ҳамин ҷо ба созмони Лигаи Ҷавонони Мусалмон аъзо ва тадриҷан ҷанговари чирикӣ шуд.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархӯрдор аст. Дар ин замина, 2 сентябри соли 2021 дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардониданд.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” низ омадааст: “Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад”.
Бояд гуфт, ки ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.