Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд” ба номи Ислом Каримов муҳтарам Рустам Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.



