Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Асрорзода бо намояндаи расмии NCUK (Британияи Кабир) баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, рушди имкониятҳои академӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи мулоқот миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва NCUK созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур заминаи мусоидро барои татбиқи барномаҳои байналмилалии таълимӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва тақвияти ҳамгироии Донишгоҳ ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар марҳилаи минбаъдаи ҳамкорӣ ташрифи намояндаи расмии NCUK ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади баррасии механизмҳои амалисозӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ва татбиқи амалии барномаҳои таълимии байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.
Иқдоми мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими мавқеи байналмилалии Донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ барои донишҷӯён арзёбӣ мегардад



