Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти навбатии рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд ҷамъ меоянд. Ба ин муносибат, дар кӯчаву хиёбонхои ин шаҳр корҳои ороишӣ, насби нишонаҳои Созмон ва фавораҳои рамзӣ сурат гирифтанд. Дар канори роҳҳо байрақхои давлатҳои узви Созмон насб овехта шуда, маҷмааи сайёҳии “Роҳи абрешими Самарқанд” ба ифтихори ин нишаста бунёд шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ин нишаст сарони 15 кишвар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, ҳамчунин раҳбарони кишварҳои Туркия, Беларус ва дигар давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат хоҳанд кард. Ба таъкиди сомонаи Созмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ширкат дар ин нишаст ба унвони меҳмон ба Ӯзбекистон сафар кард. Ин чорабинӣ нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои СҲШ баъд аз 2019 мебошад.
Ба навиштаи сомонаи Созмон, сарони кишварҳои узв дар нишасти мазкур дар баробари дигар тадбирҳо дархости Мянмарро барои гирифтани мақоми шарики ин созмон баррасӣ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дархости ин кишвар ҳанӯз соли 2021 ба созмон ворид шуда буд. Ҳамчунин, аз рӯи барномаи Саммит, ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ низ имзо мешаваду раванди қабули Беларусия ба ҳайси узви ин созмон оғоз мегардад.
Ҳамзамон, дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Инчунин созишномаи ҳусни тафоҳум бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ низ ба нақша гирифта шудаст.
Дирӯз, қабл аз оғози нишаст дар шаҳри Самарқанд бо иштироки Шерзод Асадов, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон брифинги иттилоотӣ барои намояндагони ВАО баргузор гардид. Дар он оиди тадбирҳое, ки дар ин ҳафта бо иштироки сарвари давлат баргузор мегарданд, маълумот дода шуд. Ба таъкиди Шерзод Асадов дар нишаст аз 8 кишвари узв — Ӯзбекистон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, 3 кишвари нозир — Беларусия, Эрон, Муғулистон ва 4 кишвари даъватшуда — Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Арманистон сарони давлату ҳукуматҳо ширкат мекунанд.
Инчунин, барои иштирок дар саммит Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором, ЮНЕСКО, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттифоқи иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Лигаи кишварҳои арабӣ Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ва дигар роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ даъват карда шудаанд.
Мувофиқи рӯзномаи Саммит, нахуст нишасти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар доираи танг ва сипас ҷаласаи васеъ бо ширкати ҳамаи ҳайатҳо баргузор мешавад. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба дар назар аст.
Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин созмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳо мо маҳсуб шуда, дар давоми панҷ соли оянда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистика, инноватсия ва дигар соҳаҳо дар нишастҳои СҲШ 54 ташаббус ба миён гузошта шудааст, ки 33‑тои онҳо аллакай амалӣ шуда, роҳандозии 17‑тои он дар ҷараёни нишасти Самарқанд дар назар аст. 4-тои боқимонда дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви созмон таҳия карда мешаванд.
Ба зикри Шерзод Асадов, дар давраи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин созмон дар солҳои 2021–2022 беш аз 80 чорабинӣ дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ бомуваффақият баргузор гардиданд. Ҳамоиш пас аз пандемия бори аввал дар шакли рӯ ба рӯ, бо ширкати комили ҳамаи кишварҳои узв, нозирон ва меҳмонони даъватшуда баргузор мешавад. Яке аз ҳадафҳои аслии нишасти Самарқанд масъалаи тавсеаи минбаъдаи оилаи СҲШ мебошад.
Ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар чорабинӣ қабул мешавад, Нақшаи маҷмӯии татбиқи Созишнома дар бораи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2023–2027 мебошад. Ин санади муҳими стратегӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳия шуда, аз ҷониби тамоми кишварҳои узви СҲШ дастгирӣ ёфт. Илова бар ин, қарор дар бораи тавсияи ҳайати мушоҳид ва шарикони муколамаи СҲШ қабул мешавад.
Ҳуҷҷати асосии нишаст Эъломияи Самарқанд аст, ки мавқеъҳои кишварҳои узв дар мавриди муҳимтарин масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро дар бар мегирад. Он равишҳои муштаракро ҷиҳати таъмини суботи минтақа, амният ва рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, инчунин амиқтар кардани муколамаи фарҳангӣ муайян мекунад. Инчунин, дар доираи саммит дар Самарқанд Лигаи давлатҳои араб ва СҲШ, байни ташкилотҳои ихтисосонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) — ЭСКАТО ва ЮНЕСКО имзо гардидани меморандуми дарки якдигар ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Шерзод Асадов, роҳбарони як қатор кишварҳо дар чаҳорчӯби ин нишаст бо раҳбарони ҳайатҳои ҳамдигар мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, бо онҳо доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо табодули афкор мекунанд.
Бояд гуфт, ки дирӯз дар ҳошияи Саммити Самарқанд, мақолаи муаллифии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳти унвони «Саммити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд: мулоқот ва ҳамкорӣ дар ҷаҳони ба ҳам вобаста» дар васоити ахбори оммавии маҳаллию хориҷӣ ба таври васеъ паҳн гардид, ки бозгӯи мавқеи ин кившар дар нишасти навбатӣ ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самтанд. Ҳамзамон, дар мақола пеш бурдани ташаббус ва ғояҳои муҳим таъкид шуд.
Шавкат Мирзиёев аз ҷумла, дар мақолаи худ таъкид кардааст, ки саммити Самарқанд ба давраи беназири «таҳаввулоти таърихӣ» рост омад, ки дар миқёси ҷаҳон ҷараёнҳои бошиддат ба амал меоянд — як давраи таърихӣ ба охир расида, давраи нав оғоз меёбад, ки онро пешгӯӣ кардан душвор аст.
Ин, ки бонуфузтарин анҷумани таърихии СҲШ дар Самарқанд баргузор мешавад, аҳамияти хоса дорад.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон яке аз муассисони ин созмон буда, солҳои охир саъю кӯшишҳои дурандешона ва оқилонаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев на танҳо дар сиёсати дохилию хориҷӣ, балки барои ба сатҳи баланд бардоштани равобити ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзо хизмат мекунад. Далели ин андешаи мо: дар саммитҳои СҲШ, ки дар панҷ соли охир гузаронида шуд аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон дар бахшҳои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви ин созмон, нақлиёту логистика, савдо, иқтисодиёт, маданият, туризм, инноватсия, дастгирии ҷавонон ташаббусу пешниҳодҳо дода шудааст. Лоиқи эътироф аст, ки қариб ҳамаи онҳо ба амал татбиқ гардидааст. Ба гуфтаи коршиносони байналхалқӣ, Ӯзбекистон дар ин замина мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ба зикри омори, дар доираи омодагиҳои ба Саммити мазкур чанд рӯз қабл фурудгоҳи ба талабҳои байналхалқӣ ҷавобгӯи «Зиҷи Кӯрагонӣ»-и Мирзо Улуғбек, қариб даҳто меҳмонхона, маркази сайёҳии байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим» сохта ва ба истифода супорида шуданд. Ба таркиби маркази бисёрсоҳавӣ, ки дар як сол метавонад ба 2 миллион нафар сайёҳ хизмат намояд, маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ», Конгресс холл, 8 то меҳмонхонаи замонавӣ, амфитеатр ва биноҳои дигар мавҷуд аст.
Ба баёни коршиносони байналмилалӣ, нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд таҳти раисии Ӯзбекистон дар як давраи хеле душвор баргузор мешавад. Аз як тараф мавқеъ ва нақши қудратҳои пешбар дар рушди ҷаҳонӣ дар заминаи зиддияти кӯҳна ва системаи геосиёсии рушдёбанда ва геоиқтисоди бозсозӣ мешавад. Аз тарафи дигар, ҷаҳон аз маҳдудиятҳои пандемия хаста шудааст ва се сол инҷониб интизори ҳама гуна тағйироти ҷиддию мусбати ҷаҳонӣ аст, ки боварии кишварҳоро ба ҳамдигар барқарор намуда, аз пошхӯрии низоми ҳуқуқии байналхалқии муқарраршуда пешгирӣ кунад.
Дар чунин шароит СҲШ аз лиҳози ҳадафу вазифаҳои хуб ба як созмони бонуфуз табдил ёфта, дар низоми муносибатҳои пешбинишаванда ва прагматикӣ ҳарчӣ бештар фаъол буда, инчунин қодир ба таҳия ва татбиқи қарорҳои худ дар сатҳӣ минтақавӣ ва зериминтақавӣ мегардад.
Созмони Ҳамкории Шанхай созмони доимоамалкунандаи байниҳукуматии байналхалқӣ мебошад, ки онро 15-уми июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Россия созмон доданд. Пеш аз ин созмон механизми «Панҷгонаи Шанхай» фаъолият дошт. Сарони давлатҳои номбурда 15‑уми июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай Эъломияро оиди «Созмони Ҳамкории Шанхай» имзо намуданд. Дар ин Эъломия мақсадҳои асосии СҲШ муайян шудааст, ки ба онҳо мустаҳкамнамоии боварӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни мамлакатҳои иштирокчӣ; мусоидат намудан ба ҳамкории самараноки онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорат ва иқтисодиёт, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра; таъмин ва дастгирии муштараки сулҳ, бехатарӣ ва мӯътадилӣ дар минтақа; ҳаракат ба сӯи тартиботи нави демократӣ, ҳақиқатпарастӣ ва самаранокии байналхалқии сиёсӣ ва иқтисодӣ; танзим намудани усулҳо дар ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҷустуҷӯи якҷояи ҳалли муаммоҳое, ки дар асри XXI ба вуқӯъ меоянд, дохил мешаванд.
Ташаккулёбии Панҷгонаи Шанхай яке аз воқеаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, мақсади аввалиндараҷаи мамлакатҳои аъзои «панҷгона» ҳаллу фасли баҳсҳои ҳудудӣ ба шумор мерафт. Ин муаммоҳо кӯҳна буданд ва аз ҳамин сабаб онро набояд дар ҳазорсолаи нав мекашиданд. Воситаи асосии ҳалли баҳсҳо самаранок истифода бурдани мақомотҳои байниҳукуматӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, «панҷгона» ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ мутобиқи Созишномаи Шанхай таъсис ёфт. Дар асоси ҳамин Созишнома, ки ҳамчун ҳуҷҷати асосии иттиҳодия ба ҳисоб меравад, як сол баъдтар Созишнома оиди кам кардани қушунҳои назди сарҳадӣ имзо шуд. Аз ҳамон сол сар карда саммити расмии сарони мамлакатҳои аъзо ҳар сол баргузор мегардад. Дар шаҳри Бишкек 25‑уми апрели соли 1999 саммити чоруми сарони давлатҳои аъзо баргузор гардид. Ҳамчун анъана дар ин саммит ба тамоюли инкишофи иқтисодиёти ҷаҳон баҳо дода шуд. Дар саммити Бишкек, инчунин, вохӯриҳоро дар сатҳи на танҳо вазирони корҳои хориҷӣ, балки дар сатҳи вазирони мудофиа, сарварони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва инчунин ҳамкории иқтисодӣ миёни ин мамлакатҳо низ дида баромаданд. Дар маҷмӯъ, дар давоми панҷ сол «Панҷгонаи Шанхай» нишон дод, ки аз ӯҳдаи корҳои дар назди он вогузошта мебарояд.
Дар муносибатҳои дохили созмон вобаста аз «Рӯҳияи Шанхай» давлатҳои аъзои СҲШ принсипҳои боварии тарафайн, фоидаи тарафайн, баробарҳуқуқӣ, машварати тарафайн, пазироии гуногуншаклии фарҳанг ва кӯшиш ба тараққиёти якҷоя ва дар робитаҳои беруна риоя намудани принсипи иттиҳод набастан ва равона нашудан бар зидди ягон шахс ё кушодагиро истифода мебаранд.
Мақомоти олӣ барои қабул намудани қарор дар СҲШ Шӯрои сарони давлатҳои аъзо ба шумор рафта, як маротиба дар як сол ҷамъ мешавад ва қарор ва фармонҳоро нисбати тамоми масъалаҳои муҳими созмон қабул мекунад. Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай як маротиба дар як сол барои таҳлили стратегияи ҳамкории бисёртарафа ва самтҳои афзалиятнок дар доираи созмон, ҳалли масъалаҳои тақдирсоз ва аҳамиятноки ҳамкории иқтисодӣ ва тасдиқи буҷаи ҳарсолаи созмон ҷамъ мешавад.
Fайр аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо механизми вохӯриҳои ҳарсола дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисодиёт, нақлиёт, фарҳанг, мудофиа, бехатарӣ, прокурорҳои генералӣ инчунин роҳбарони мақомотҳои марзбонӣ ва ҳолатҳои фавқулодда амал мекунанд. Механизми мувофиқатсозӣ бошад, дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай Шӯрои танзимкунандагони миллии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай дорои ду мақомоти доимоамалкунада мебошад — Котибот дар Пекин, Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар шаҳри Тошканд. Котиби иҷроия ва Директори кумитаи иҷроия аз тарафи Шӯрои сарони давлатҳо ба муддати се сол таъин карда мешаванд. Нақшаи актуаликунонидашуда барои иҷрои барномаи «Ҳамкориҳои бисёртарафаи иқтисодӣ-тиҷоратии мамлакатхои аъзои СҲШ» соҳаҳои муҳимтарини иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарии ҳамкориҳои шаш мамлакатро фаро гирифта 85 намуд чорабиниҳои аниқро дар самтҳои гуногун дар бар мегирад, аз ҷумла тиҷорат ва сармоягузориҳо, соҳаи гумрук, регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва амалиётҳои баҳодиҳии мувофиқатӣ, соҳаҳои молия ва андоз, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ, илм ва технологияи нав, технологияҳои информатсионӣ ва телекомуникатсионӣ, истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити атроф.
Ҳудуди умумии давлатҳои аъзои CҲШ ба 30,2 млн. километри мураббаъ баробар мебошад, ки ин 3/5 ҳиссаи ҳудуди Евразияро ташкил дода, аҳолиаш 1/4 ҳиссаи аҳолии тамоми кураи заминро ташкил медиҳад. Ҷалбнокии Созмони Ҳамкории Шанхай бо он асоснок карда шудааст, ки вай мамлакатҳоеро муттаҳид месозад, ки онҳо кӯшишҳои зиёд барои гирифтани пеши роҳи экстремизм, терроризм ва дигар хатарҳои ба бехатарии минтақавӣ ва мӯътадилӣ таҳдид кунанда, ба харҷ медиҳанд ва роҳи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодиро пешаи худ қарор додаанд. Ғайр аз ин, дар доираи СҲШ мамлакатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд кӯшишҳои худро бевосита ба ҳалли муаммоҳои дохилии минтақаи Осиёи Марказӣ равона созанд ва бо ин восита гуногунии дохилии онро бартараф кунанд.
Имрӯз бо кӯшишҳои муштараки кишварҳои Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳо дар бахши созмон додани бузургтарин низоми ҳамкории минтақавӣ дар ҷаҳон рафта истодаанд. Дар баробари ин афзалиятҳои он ба монанди пештара кафолати устувории сиёсӣ, мустаҳкам намудани бехатарӣ ва васеъ намудани ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа боқӣ мемонанд.
Тарафи дигари муҳими фаъолияти созмон ин бевосита ҳаракати муштарак барои ташаккулдиҳии бозори ягона мебошад. Дар ин самт аллакай бисёр корҳо ба сомон расонида шудаанд. Дар давраи фаъолияти худ Созмони Ҳамкории Шанхай диққати дигар мамлакатҳоро, ки шаклҳои нави ҳамгироиро дарёфт намудан мехоҳанд, ҷалб намуд. Дар байни мамлакатҳои нозир Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Муғулистонро номбар намудан мумкин аст.
Муаммои марказии фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай то ҳол ҳам мустаҳкам намудани бехатарии минтақавӣ боқӣ мемонад. Тавре маълум аст, созмон аз аввал барои дарк намудани хатарҳои аҳмиятнок барои мӯътадилии давлатҳои асосгузор ташкил шуда буд. Давлатҳои аъзои созмон ният доранд дар оянда низ заминаи меъёрию ҳуқуқии коркардашударо мукаммал гардонанд, ҳамкории тарафайни амалии мақомотҳоро мустаҳкам кунанд, ки ба зиммаи онҳо мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа гузошта шудааст.
Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат июни соли 2017 дар ш.Остона дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Ҳиндустон ва Покистон ба аъзогии Созмон пазируфта шуданд.
Айни замон Созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон,Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чинӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак — зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия — 2012» 8 — 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ мебошад, дар Шӯрои сарони давлатҳо (дар солҳои 2008 ва 2014) ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ солҳои 2006, 2010, 2018 ва 2020 раёсатро ба уҳда дошт.
Имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ имкониятҳо дорад, ки дар оянда ба яке аз минтақаҳои пуриқтидори иқтисодии ҷаҳон табдил ёбад. Минтақа дорои захираҳои бузург мебошад, аз захираҳои меҳнатӣ сар карда, то захираҳои ашёи карбогидрадии аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, металлҳо ва элементҳои камёб. Дар ин ҷо иқтидори бузурги зеҳнӣ марказонида шудааст, имкониятҳои зиёд барои истеҳсолоти самаранокияш баланди маҳсулоти кишоварзӣ ва якбора бозори бузург барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда мавҷуд мебошанд. Аллакай барномаи ҳамкории бисёртарафаи иқтисодӣ фаъолият мекунад, инчунин нақшаи комплексии воридкунии он, ки дар доираи зиёда аз 100 лоиҳа муайян карда шудаанд ва соҳаи энергетика, нақлиёт, тиҷорат, телекоммуникатсия, экология, кишоварзӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Умуман, самтҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ хеле васеъ мебошанд ва дараҷаи амалисозии онҳо пеш аз ҳама аз дараҷаи боварии тарафайни мамлакатҳои аъзо ва хоҳиши онҳо вобастагӣ дорад. Созмони мазкур исбот намуд, ки сохтори инкишофёфта, пешрафта ва умедбахш барои ҳамкориҳои минтақавӣ шуда метавонад. Дар фаъолияти худ СҲШ метавонад ба баъзе душвориҳо ва муаммоҳо дучор ояд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда созмон хуб фаъолият карда истодааст. Бо шарофати иштироки фаъолонаи ҳамаи тарафҳо ҳамкории СҲШ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат, бехатарӣ, сиёсӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дигар соҳаҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
шореҳ