Имрӯз, 14 сентябр соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русия ба вилояти Суғд меоянд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Соҳибкорони рус тайи рӯзҳои 14-17 сентябр дар вилояти Суғд бо тоҷирони вилоят мулоқот намуда, ҷиҳати табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор менамоянд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки меҳмонон бо имконияти мавҷудаи соҳаи сайёҳии вилояти Суғд шинос гарданд.
Зикр карда шуд, ки меҳмонон аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи миллии «Ваҳдат», Баҳри тоҷик, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид карда, дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 15-18 сентябр дар Тоҷикистон Форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон ва намоишгоҳи муҳандисии тахассусии «Спестмаш – Тоҷикистон 2022» баргузор мегардад.