14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони ҶумҳуриҲи Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд.
Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.