
13 сентябр ҷаласаи 4-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризм дар шакли маҷозӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни музокирот ҳайатҳои ҷонибҳо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар бобати ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар самти муқовимат ба радикализатсия, мубориза бо маблағгузории терроризм, таъмини амнияти кибернетикӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва таҳкими иқтидори соҳавӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.
Ҳарду ҷониб ҳамзамон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (ш. Душанбе, 18-19 октябри 2022) ва дар ин робита вусъат ёфтани «Раванди Душанбе» истиқбол карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкории зич миёни ниҳодҳои марбута ба манзури дарёфти роҳу василаҳои муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир тасдиқ намуданд.