Дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон майдони шоири маъруфи тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ кушода шуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дод.
Дар чорабинӣ, ки ба ин муносибат баргузор гардид, фаъолони вилоят ва намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Самарқанд қайд, ки солҳои наздик дар вилояти мазкур корҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ карда мешаванд.
Таъмири кучаи Фирдавсй ва мадрасаи таърихии Панҷоб дар ин ҷо ифодаи равшани кори ҳифзи мероси маънавии халқи мо буд, — гуфт зимни суханронии худ мушовири раиси вилояти Самарқанд, яке аз ташаббускорони асосии корҳои бунёдкорӣ дар вилоят Н. Иброҳмиов .
Илова бар ин, бархе аз иморату иншооти атрофи мадраса ба ҷои дигар кӯчонида шуда, майдони зебое бунёд гардида, муҷассамаи Абулқосими Фирдавсӣ, ки то имрӯз дар саҳни мадраса буд, дар ин майдон гузошта шудааст.
Кӯчаи ба номи Фирдавсӣ, ки ба масофаи 3,2 километр тӯл мекашад, пурра таъмир карда, асфалтпӯш шуда, пиёдагардҳо, қубурҳои обгузар, шабакаҳои барқ ва алоқа ба тартиб оварда, чароғҳои шабона, шабакаҳои чароғҳои роҳнамо таҷдид гардида, дар канори роҳ гулзорҳо бунёд карда шуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ баъди анҷоми ифтитоҳи расмии хиёбон, майдон ва муҷассама бо корҳои созандагӣ дар мадраса ва масҷид шинос шуданд.