31 августи соли 2022 дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголми Шветсия Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим Султон Раҳимзода ва намояндаи махсусиаз Нидерланд оид ба об Ҳенк Овинк ба ҳайси ҳамраисон ва хонум Мадҳусри Чатрҷӣ аз Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси котиб дар намоиши телевизионӣ оид ба Конфронси оби СММ — 2023 даъват карда шуданд. Дар ин бора мухбири радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло дар такя ба сомонаи расмии Конфронси мазкур иттилоъ дод.
Барномаи телевизионии мазкур, ки дар телевизиони “Show” сабт гардид, «Роҳ ба Конфронси обии СММ дар соли 2023» ном дошта, ҳадафи он ба тамошобинон дар бораи аҳаммияти Конфронси дарпешистодаи оби СММ 2023 иттилоъ додан аст. Конфронси мазкур бори дуюм дар таърихи СММ ва бори аввал дар 50 соли охир баргузор мешавад.
Дар барнома роҳҳои амалишавии ин пешниҳоди Тоҷикистон, тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, бандҳои рӯзномаи чорабинӣ оид ба об, мавзӯъҳои пешниҳодшудаи муколамаҳои интерактивӣ ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор аз ҷониби ҳамраисон ва котиботи Конфронс ҷиҳати тавзеҳи бештари ин чорабинии муҳими ҷаҳонӣ ва фарогиртар гардонидани иштирокчиёни он дар соли 2023 баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.