Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз гуфтугӯ кардаанд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории «Рейтерс» иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубоев дар бораи ҳалли вазъи пешомада дар марзи ду кишвар суҳбат намуданд.
Гуфта мешавад, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Жээнбек Кулубоев пайваста дар тамос буда, барои расидан ба мувофиқа оид ба риояи оташбас аз ҷониби низомиёни қирғиз талош дорад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.
Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки қариб нисфи он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Миёни сокинони минтақаҳои марзӣ ҳар сари чанд вақт бар сари замину чарогоҳ ва об ҷанҷол сар мезанад.