20 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бар асоси Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Арманистон дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷӣ баргузор шуд.
Ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистон Арманистон муҳокима намуданд.
Табодули афкор роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифт.