5 сентябр бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷӣ пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад.
Вазирон ҷараёни рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои омодагиҳоро ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории башардӯстона ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷониби Русия ба тадбирҳои андешида дар Тоҷикистон дар самти ҳифз ва рушди забони русӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 қайд кардааст.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.
Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, авзоъ дар Афғонистон таъкид шуд.
Дар натиҷаи мулоқоту музокирот вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.