
20 сентябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Япония вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо муовини вазири корҳои хориҷии Япония хонум Йошикава Юми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуда, роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва имконоти тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.
Сафир хонум Йошикава Юмиро ба муносибати ба вазифаи нав таъйин гардиданаш муборакбод гуфта, дар амали намудани фаъолияташ комёбиҳо орзу кард.