27 сентябри соли 2022 дар шаҳри Вашингтон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) Саманта Пауэр вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ИМА дар чорчӯби барномаҳои USAID дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар самтҳо табодули андеша карданд.