27 сентябри соли 2022 дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари вежаи Президенти ИМА – Мудири аршад оид ба Россия ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин баргузор гардид.
Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.