Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки барандаи 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд гардид, ба Душанбе баргашт. Дар ин бора Нуралӣ Хоркашов, сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Дилнозаи Абдумалик, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри Нуралӣ Хоркашов, 25-уми сентябр дар даври ниҳоии Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Малайзия барои дарёфти ҷом миёни ҳам рақобат карданд. Футболбозони тоҷик зери роҳнамоии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт тавонистанд, ки дар аввалин иштирок дар Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup-2022» соҳиби ҷому медалҳои тиллоӣ гарданд. Дар Тайланд як гурӯҳи бозигарони мунтахаб ба дастаҳои худ баргаштанд. Петр Сегрт ва ёварони ӯ то ҷамъомади навбатии таълимӣ ба хона рафтанд. Ба ин муносибат футболбозони бошгоҳҳои маҳаллӣ ба Душанбе омаданд.
Нуралӣ Хоркашов, сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, дар мусобиқа чор мунтахабҳои миллӣ- мунтахабҳои Тоҷикистон Тринидад ва Тобаго, Малайзия ва инчунин соҳибони майдон мунтахаби Тайланд ширкат доштанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» ду бозӣ анҷом дод. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври ниманиҳоӣ бар тими Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар тими миллии Малайзия (3:0) пирӯз шуданд. Голҳои Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мо пирӯзӣ оварданд. Бозии дастаҳо дар шаҳри Чианг Майи Таиланд хеле ҷолиб доир гардида, бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт, — зикр намуд,
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори омма ва мухлисон самимона истиқбол гирифтанд.
Ғалабаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» ва соҳиб шудан ба Ҷоми подшоҳии Тайланд далели он аст, футболи Тоҷикистон ба як марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.