Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири саноат ва масолеҳи сохтмонии Туркманистон Аннамаммедов Баймират 30 сентябр баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои мухталифи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ низ мубодилаи афкор намуданд.