Дирӯз, 23 сентябр мизбонони Конфронси оби СММ-2023 Тоҷикистон ва Нидерланд дар доираи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и Маҷмаи Умумии СММ мизи мудаввари сатҳи баландро бахшида ба Конфронси мазкурро баргузор намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар он доир ба омодагӣ ба Конфронс ва амалҳои минбаъда дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об табодули афкор сурат гирифт. Мизи мудаввар бо суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте ифтитоҳ гардида, дар он муовини якуми Дабири кулли СММ, сарвазирони кишварҳои Мозамбик, Ҳаити, ноиби Президенти Уганда, вазирони корҳои хориҷии Финляндия ва Бангладеш, вазири рушди иқтисоди Миср, вазири савдои хориҷӣ ва рушди ҳамкории Шоҳигарии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии хеш аҳаммияти Конфронси соли 2023-ро барои татбиқи «Рӯзномаи 2030»-и СММ оид ба рушди устувор таъкид карда, аз роҳбарони кишварҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ-2023 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мегардад.