3 октябри cоли 2022 мулоқоти якҷояи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ва сафири Подшоҳии Нидерланд Лоренс Вестхоф бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулазиз Сауд ал-Ҷоруллоҳ доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогирии миёнамӯҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки қарор аст таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистону Подшоҳии Нидерланд дар ш. Ню-Йорк 22-24 марти 2023 баргузор гардад, баррасӣ намуданд.