Рӯзҳои 13-14-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷамъомади навбатии сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад.
Ба зикри ин ниҳод, ҳамчунин, нишасти Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва нишасти «Осиёи Марказӣ-Россия» пешбинӣ шудааст.
Тибқи барномае, ки Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон нашр кардааст, рӯзи 13 октябр – нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё; 14 октябр — ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ва нишасти «Осиёи Марказӣ- Россия» баргузор мешавад.