27 сентябри соли 2022 дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Томас Уэст баргузор гардид.
Тарафҳо вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.