
Имрӯз бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фуруҳар Тоҳирӣ иттилоъ дод.
Ба зикри мухбир, ҳамоишро Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки айни замон, равобити сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи «Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ»-и дуҷониба ва Стратегияи шарикии навини Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул гардид, пеш бурда мешавад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри 2019 расман баланд бардоштани сатҳи СШҲ-и ҳозира тавассути музокирот оид ба Созишномаи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA – ҳамчун дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон)-ро дархост намуд. Дар ин замина, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, сафир Петер Буриан соли 2021 ба Тоҷикистон ташриф оварда, аҳамияти муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд”, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ
Дар чорабинӣ намояндагони сафорахонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, коршиносону таҳлилгарон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар кори конференсия мавзӯъҳои “Ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо”, “Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо”, “Нақши САҲА дар низоми амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ”, “Стратегия ва манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар Осиёи Марказӣ”, “Манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ”, “Ҳамкорҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид алайҳи мубориза бо радикализми сиёсӣ ва терроризми байналхалқӣ”, “Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ” ва “Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмонҳои минтақавӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи 2010, баъди тасдиқшавӣ аз ҷониби ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эътибор пайдо намуд. Созишнома ба густариши равобити тарафайн ва баланд бардоштани аҳамияти симои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, инчунин асосҳои васеъшавии муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориро муқаррар намуда, ба баланд бардоштани сатҳи савдои дутарафа ва ҳаҷми сармоягузорӣ равона шудааст.
“Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба созмон додани шарикии мустаҳкамтар ва муосиртар, бидуни маҳдудиятҳои аъзо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст, то минтақа ҳамчун фазои босубот, устувортар, шукуфон ва ба ҳам наздики иқтисодӣ ва сиёсӣ рушд кунад. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ пайравии худро ба Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ тасдиқ карданд ва татбиқи стратегия хуб ба роҳ монда шудааст. Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳар сол муҳокимаҳои сатҳи баланд баргузор менамоянд”, — таъкид шуд дар нишаст аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе.
Ҳамчунин, дар нишаст зикр шуд, ки бо мақсади наздиктар гардонидани Иттиҳоди Аврупо ба мардуми Тоҷикистон, Иттиҳод ҳамасола Ҳафтаи Аврупоро ташкил мекунад. Ин имконияти муаррифӣ намудани фарҳанги Аврупо ба Тоҷикистон ва пешниҳоди маълумот оиди фаъолияти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ғайр аз ин, бисёре аз донишҷӯёни тоҷик аллакай ба таҳсил тавассути барномаи Erasmus Plus муваффақ гаштанд, ки ин ба онҳо барои таҳсил кардан дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкон фароҳам меоварад.