Дирӯз, 6 октябр, сержанти собиқи пулис, ки соле қабл барои нашъамандӣ аз хизмат барканор гардида буд, дар Маркази рушди барвақтии кӯдакон дар музофоти Нонгбуалампху дар шимолу шарқи Таиланд тирпарронӣ доир кард. Қариб 36 нафар кушта шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Thai PBS».
Қаблан дар бораи 32 қурбонӣ — 24 кӯдак ва ҳашт калонсол маълумот расида буд.
Гуфта мешавад, ки кормандони пулис аввалан мошини боркаши ин мардро дар таваққуфгоҳи манзилаш пайдо кардаанд. Неруҳои амниятӣ бо гумони он ки тирандоз дар дохили мошин аст, биноро иҳота карда, хостанд вориди музокира шаванд, аммо касе посух надодааст.
Бар асоси ин онҳо тахмин мезананд, ки ҷинояткор савори мошини дигар фирор кардааст ё пиёда ба ҷое рафтааст, вале бо гузашти чанд вақт аъзои гурӯҳи фаврӣ ҳамоно ба хона зада даромадаанд. Дар хона онҳо ҷасади худи сержант, зан ва кӯдаки ӯро бо ҷароҳатҳои аз тир гирифта пайдо карданд. Ин тирҳо бо тирҳои пистолете, ки сержант аз он дар боғчаи кӯдакон парронида буд, мувофиқат намуданд.
Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, аз онҷо силоҳ низ дарёфт шудааст.