Ҳайати кории Ҷумҳурии Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ дирӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ва интизор меравад, ки давоми 4 рӯзи оянда ҷонибҳо музокирот хоҳанд кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории «Sputnik» иттилоъ медиҳад.
Ба зикри манбаъ, ҷонибҳо бояд то охири ҳафта масоили баҳсии минтақаҳои Сулюкте ва Кулундуро ҳал намояд. «Дар ин бора раиси КДАМ Қирғизистон, Қамчибек Тошиев хабар додаст. Ҳайати Қирғизистонро дар Тоҷикистон намояндаи вижаи Кабинаи вазирони ҶҚ дар масоили марзӣ Назирбек Борубоев роҳбарӣ мекунад. Тошиев изҳор доштааст, ки ӯро низ ба Тоҷикистон даъват карданд, аммо ӯ худдорӣ намуд»,-навиштааст ин хабаргузорӣ.
«Фикр кардам, ки гуруҳро беҳуда нафиристам, агар ҷониби Тоҷикистон ба шартҳои мо розӣ набошад. Аммо онҳо гуфтанд, ки ба музокирот сари пешниҳодҳоямон розиянд. Гуруҳ барои 4 рӯз рафт, натиҷаро мебинем», — гуфтааст Тошиев.