Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ айни замон норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз 3406 нафар ба ҳолати 30 сентябри соли равон ба 351 нафар расонида шуд. Вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсимоти мутахасисони ҷавон гузаронида шуда, 4347 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба кор фаро гирифта шуданд. Ин матлаб дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол» зикр гардид.
Гуфта шуд, ки ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба вазорат дархост пешниҳод мегардад. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кам гардид.
Вазири маориф ва илм Р.Саидзода иброз дошт, ки ақоми омӯзгор ва сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад барои таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши Вазири маориф ва илм ба тавсиб расид.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ (Душанбе 7, Суғд 7, Хатлон 6 ва НТҶ 2 муассиса) таъсис дода шуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ (Суғд-285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.
Тибқи маълумоти омории пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо равияи омӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ 7153 (миёнаи касбӣ 1830, олии касбӣ 5323) нафар хатм намуданд.