
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии «Рейтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро ишғол намуда, бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон» мушарраф гардид. Дар ин бора масъулини Донишгоҳ дар саҳифаи фейсбукиашон иттилоъ додаанд.
Рейтингро Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) анҷом дода, дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот натиҷаҳои Рейтинги байналмилалии Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)»-2022 (IAAR Eurasian University Ranking (IAAR — EUR)-2022) ҷамъбаст гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилшудаи коршиносон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Рейтинги байналмилалии Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро гирифт. Инчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон IAAR EUR» (IAAR EUR Worldwide recognition) сарфароз гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилшудаи коршиносон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Рейтинги байналмилалии Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро гирифт. Инчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон IAAR EUR» (IAAR EUR Worldwide recognition) сарфароз гардид.
Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз кишварҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи умумиҷаҳонии таълими тиббии WFME/WFME-ро гирифтааст.
Фаъолияти Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (HAAR/IAAR) ба стандартҳои таъмини сифат дар Минтақаи таҳсилоти олии аврупоии «ESG» ва Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббии «WFME» мувофиқат мекунад.
Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аккредитатсияи байналмилалии махсусгардонидашуда (барномавӣ) буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Агентӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Россия, Руминия, Узбекистон санҷишҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.
Ёодовар мешавем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (HAAR/IAAR) — узви комилҳуқуқи шабакаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ва агентиҳои сифати таҳсилот: INQAAHE — Шабакаи байналмилалии агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ; CHEA/CIQG — Гурӯҳи байналмилалии сифат, Шӯрои аккредитатсияи таҳсилоти олӣ дар ИМА; CEENQA — Шабакаи агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ; APQN — Шабакаи таъмини сифат дар Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 миёни Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расидааст.