Имрӯз, 13 октябри cоли 2022 ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи Созмони байналмилалии муҳоҷират «Васеъ гардонидани имкониятҳои оилаҳои мондашуда, баҳри натиҷаҳои беҳтар аз муҳоҷират» баргузор гардида, дар кори он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҳамчун аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳа ва роҳбарону шахсони масъули Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, СММ-Занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолиятҳои лоиҳаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон шарикони СБМ маҳсуб меёбанд, ширкат доштанд.
Ҳамзамон, дастовардҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи 4 самти фаъолият ва тадқиқотҳои дар доираи лоиҳа гузаронидашуда арзёбӣ гардида, нақшаи кори минбаъдаи Кумитаи роҳбарикунанда ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.
Аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда натиҷаи фаъолияти лоиҳаро хуб арзёбӣ намуда, зимни муҳокимаи масъалаҳо дар доираи ваколатҳои соҳавии худ суханронӣ карда, барои тақвияти ҳамкории муштарак ва мусоидат намудан дар татбиқи ҳадафҳои минбаъдаи лоиҳа, ки баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии оилаҳои зери таъсири муҳоҷират қарордошта равона гардидаанд, тавсияҳо пешниҳод карданд.
Дар фарҷом аз иштирокдорони ҷаласа даъват ба амал оварда шуд, ки барои амалӣ намудани фаъолиятҳои лоиҳа дар доираи ваколатҳои соҳавии худ бетараф набуда, барои шаффоф ва самаранок истифода намудани маблағҳои пешбинишуда саҳмгузор бошанд.