Аз 24 то 26 октябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Уфа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Нигина Амонкулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Олимчон Солизода ва дигарон баромад мекунанд.
Инчунин, дар он иштироки ансамблҳои машҳури рақсии «Гулрез» ва «Зебо» баромад мекунанд.
Дар доираи чоарбинӣ санъати амалии ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла маҳсулоти сувенирӣ аз ганҷҳои тоҷикӣ, гулдӯзии бадеӣ, сафолӣ ва ғайра намоиш дода мешавад.