Аз 14 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе 16-умин Бозиҳои делфии наврасони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 400 истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25 сола аз тамоми кишварҳои узви Иттиҳод ширкат кунанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун аз рӯи 10 номинатсия, аз ҷумла фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ; академй, суруди халкй ва эстрадй, рақси халкӣ сурат мегирад. Ба ҳайати ҳакамон ҳудуди 35 нафар ҳунарманди маъруфи кишварҳои ИДМ шомиланд.
Бозиҳо ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо баргузор мешаванд ва ба Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар кишварҳои ИДМ бахшида шудаанд. Конфронси байналхалқӣ коршиносонро аз хориҷи дуру наздик ба ҳам меорад, ки мавзўи асосӣ 20- солагии ҷашни нахустин баргузории Бозиҳо мебошад.
Ҷараёни баргузории Бозиҳо дар зиёда аз 800 шабакаҳои радио ва телевизион, шабакаҳои иҳтимоӣ ва рўзномаву маҳаллаҳои байналхалқӣ, федералӣ ва музофотӣ ба таври васеъ инъикос меёбанд.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2002 бо Қарори Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ гузаронида шуда, ташкилкунандагони он Сарони давлатҳои ИДМ, Кумитаи Байналмилалии Делфӣ, созмонҳои миллии Делфӣ мебошанд.