Ҳайати ҳунарии Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхандарёи ба номи Маннон Уйғури Ҷумҳурии Узбекистон намоишномаи “Ишқи ман-тақдири ман”-ро пешкаши тамошобинони тоҷик мегардонанд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, намоишномаи мазкур рӯзи 7 август дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов намоиш дода мешавад.
Намоиш соати 16:00. оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки Ҳайати ҳунарии Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхандарёи ба номи Маннон Уйғури Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри душанбе қарор доранд.
Аз ҳаводорон, мухлисони намоишномаҳои театрӣ даъват карда мешад, то аз намоиши мазкур дидан намоянд.
Марҳабо ба намоишномаи дидании ҳунармандони бомаҳорати Узбекистон.