«Конфронси имрӯза дар Душанбе як минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии мушкилоти мавҷуда ва ҳалли муштараки онҳо гардид”, — гуфт Марис Доминш, Намояндаи барномаи БОМКА-и Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар ҷараёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон». Дар ин бора мухбири радиои “овози тоҷик” иттилоъ медиҳад.
Мавсуф таъкид кард, ки ин чорабинӣ боис шуд, то ҳайатҳо зимни табодули афкор роҳҳои афзалиятнокро баён намуда, василаҳои муосири мубориза бо терроризмро ҷустуҷӯ кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, конфронс имкони таҳлили ҷаҳонӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар оянда бо назардошти хоҳишу имконоти созмонҳои байналмилалӣ гардид.
«Конфронс дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан ба мубориза бар зидди терроризм таваҷҷуҳи зарурӣ дорад. Боиси хушнудист, ки дар конфронс намояндагони созмонҳои бонуфуз, аз қабили СММ, СААД, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор давлатҳо гирди ҳам омадаанд. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи ҳамкориҳои таҳияшуда бознигарӣ гардида, амалиёти дастаҷамъона дар мубориза бо терроризм тақвият дода шавад», — гуфт ӯ.