Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари мубориза бо терроризми СММ Владимир Воронков имрӯз дар ҷараёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» мубориза бо терроризмро баррасӣ намуд. Дар ин бора мухбири радиои “Овози тоҷик” Мирсаид Сатториён иттилоъ медиҳад.
«Тоҷикистон дар ин самт на танҳо дар минтақа, балки дар саросари ҷаҳон яке аз пешсафон аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кишвар ба таъмини субот дар дохили ҷумҳурӣ ва минтақа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад», — гуфт ӯ зимни суханронӣ.
Владимир Воронков дар ин замина аз силсилаи «Раванди Душанбе», ки 3 сол пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оғоз шуда буд, ёдовар гардид.
Ба гуфтаи ӯ, ин яке аз муваффақтарин иқдомоти СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо терроризм аст. “Конфронси сеюми ин раванд аллакай идома дорад. Ин дарки на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки миқёси ҷаҳониро дар ин самт тасдиқ мекунад, ки терроризм як хатари глобалӣ буда, танҳо бо талошҳои муштарак бо он мубориза бурдан мумкин аст. Терроризмро танҳо бо талошҳои байналмилалӣ мағлуб кардан мумкин аст”, — гуфт Воронков.
Баъди ин суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои кори конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои Раванди Душанбе, ки самараи иқдоми муштараки Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид аст, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ хизмат хоҳад кард.
Баъди анҷоми дидору мулоқот Владимир Воронков бо чанде аз намояндагони васоити ахбори омма роҷеъ ба ин дидорашон ва ҷузъиёти он суҳбат кард. Вай тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба афзоиши таҳдидҳо ба амнияти минтақа, аз ҷумла густариши терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
«Ман бори сеюм бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардам. Он кас ба сиёсати давлат дар соҳаи мубориза бо терроризм таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Ин барои нигоҳ доштани субот дар минтақа хеле муҳим аст”, — гуфт Владимир Воронков.