Рӯзи 16-уми октябри соли равон тахминан соати 17:00 аз садмаи мошин дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ хабар дода шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ додааст.
Ба зикри манбаъ, дар километри 345-уми деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser”, ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, дучори садама шуд.
Дар натиҷа ронанда бо ду мусофири он аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон, кормандони Сафорати Ҳинд дар шаҳри Душанбе, ки яке 58-сола ва дуюмӣ 41 сол дошт, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳияи Дарвоз интиқол дода шуданд.
Сабаби ин садама аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мешавад.