«Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон», ки давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, натиҷаҳои ду конфронси қаблиро дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» дар самти пешбурди рӯзномаи мувофиқашуда дар заминаи мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ идома дод», — таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар маросими пӯшидашавии конфронси мазкур.
Ба гуфтаи ӯ, мавзӯи конфронс моҳияти равандҳои ҷараёндошта дар соҳаи амниятро инъикос мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста бо он рӯбарӯ мешавад. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи кори конфронс аз вазъи мушкил дар Афғонистони ҳамсоя изҳори нигаронии ҷиддӣ карданд. Сарвари давлати тоҷикон хостори афзоиши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои саривақт вокуниш нишон додан ба чолишҳо ва таҳдидҳои ин кишвар шуданд”, — гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома ба аҳамияти эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар мавриди Афғонистон таъкид кард.
“Натиҷаҳои конфронси сатҳи баланд барои тамоми кишварҳои ширкаткунанда аҳамият доранд”, — гуфт Владимир Воронков, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари мубориза бо терроризми СММ.
Ба гуфтаи ӯ, интихоби мавзӯи чорабинӣ нишон дод, ки ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон дар кишварҳо ва минтақаҳо то чӣ андоза муҳим аст.
«Кишварҳои Осиёи Марказӣ нақшаи амалиёти муштаракро оид ба татбиқи стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм навсозӣ карданд. Ин нақша дар ҷараёни конфронси сатҳи баланд дар Тошканд дар моҳи марти соли 2022 тасвиб шуда буд”, — гуфт ӯ ва афзуд, ки тайи ин 2 рӯз ширкаткунандагони конфронс аҳаммияти “Раванди Душанбе”-ро дар мубориза бо терроризм дигарбора таъкид кардаанд. Ҳамзамон, як гуруҳ ширкаткунандагон дар ҷараёни конфронс ба зарурати дастгирии минбаъдаи донорҳо ҷиҳати татбиқи барномаҳои зиддитеррористӣ таъкид карданд.
Тавре ки Владимир Воронков қайд кард, «Вазъияти Афғонистон, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро ба ташвиш овардааст. Барои пешгирии ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароии хушунатомез бояд ҳушёр бошем», — гуфт мавсуф зимни нишасти хабарӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 18-19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони 79 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.