Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки сарфи назар аз созишномаҳои дар Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 зикргардида, ҷониби Қирғизистон дидаю дониста даст ба иқдомҳое зада истодааст, ки ҳадафаш эҷоди таниш ва нооромӣ дар манотиқи марзи байни ду кишвар аст.
Амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба ноором кардани вазъ, омода кардани мавқеъҳои тирпарронӣ, сохтани истеҳком ва хандақҳо, идома додани кашонидани техникаи иловагии ҳарбӣ ва мунтазам вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, далели равшани накшахои зарарноки тарафи Қирғизистон аст. Ҳамин тавр, аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.
Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи No42 аз 25 сентябри соли 2022, далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба манотиқи марзӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бавижа:
– 1 октябр соати 17:15 аз деҳаи Кок-Таш ба самти шаҳраки Ортабуз ва ноҳияи Лайлек мошинхои зиреҳпуши харбй гузаронда шуданд.
– Шаби 4 ба 5 октябр дар тарафи чапи узели обтаъсимкунии Сарбанд (Головной) тарафи Киргизистон барои ҷойгир кардани мошинҳои зиреҳпуш ва экипажҳои миномётҳои ҳарбӣ бо чуқурии то 6 метр ва бараш то 20 метр паноҳгоҳҳо сохт.
– 7 октябр дар мавзеи Сиёҳкӯҳ ва Дусангаи деҳаи Чоркухи Исфара хандакхои навкофтаи низомиёни қирғиз ба қайд гирифта шуд.
– Рӯзи 7 октябр таҳти роҳбарии масъулини ҷамоати деҳоти Оқ-Сойи вилояти Бодканд 15 нафар низомиёни воҳидҳои махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон бо як мошини боркаши КамАЗ омаданд ва худсарона посгоҳи сарҳадӣ таъсис додаанд. Кормандони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар хонаи сокини деҳоти Ворух Бобоев Б., ки соли 2018 аз ҷониби Қирғизистон тасаррфф шуда буд, ҷойгир шудааст.
– 11 октябри соли ҷорӣ дар ҳудуди минтақаи амниятии дидбонгоҳи 9-уми сарҳадии «Санҷидзор» ва обгузари «Хоҷабоқирғон-2»-и қисми ҳарбии 0214-и ҶДММ ҶТ дар вилояти Суғд чанд вагон барои ҷойгиркунии хизматчиёни харбй мутобиқ, гузошта шуданд.
– Рӯзи 13 октябр дар назди шоҳроҳи алтернативии Ок-Сой-Равот-Лайлак хонаи васлшаванда насб карда шуд, ки ҳамчун постгоҳи милисаи Ҷумҳурии Қирғизистон истифода мешавад.
– 13 октябр хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бар хилофи талаботи банди «г»-и Протоколи No42 дар шоҳроҳи Исфара-Ворух дар деҳаи Оқ-Сой постгоҳи доимӣ таъсис доданд.
– Дар посёлкаи Максат хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон 5 мавқеи ҷангии мустаҳками оҳану бетонӣ сохтанд.
Зуд-зуд баргузор кардани машқҳои ҳарбӣ аз ғаразҳои душманонаи ҷониби Қирғизистон шаҳодат медиҳанд. Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаҳои иттилоотӣ алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Вақтҳои охир дар ВАО-и Қирғизистон маводҳо дар бораи ҳавопаймоҳои нав ба даст овардашуда ва озмоиши дронҳои истеҳсоли онҳо фаъолона паҳн карда мешаванд.
Сокинони деҳаи Оқ-Сой, ки 3,5 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, муддати тӯлонӣ ба таври муназзам ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мошинҳои онҳо ҳамла карда, ягона роҳи Ворухро баста, ҳаракати 45 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳдуд мекунанд, ҳуқуқҳои онҳоро поймол карда, онҳоро аз ҷаҳони беруна ҷудо мекунад. Бавижа:
– Рӯзи 14 сентябр сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Маҳкамов С.К. аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бесабаб латукӯб шудааст.
– 26 сентябри соли равон аз тарафи хонаи як сокини маҳаллаи Кок-тоши ҷамоати деҳоти Оқ-Сойи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳавлии хонаҳои рақами 289 ва 295. Ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯзбекова М. ва Самадов А. таааллуқ доранд, ду норинҷаки дастии РГД-5 партофта шудааст. Дар натиҷа шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимов Қудратулло зарар дидааст. Ин ҳодиса аз ҷониби мутахассисони Барномаи мубориза бо минаҳои FSD сабт шудааст.
– Худи ҳамон рӯз як гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон хонаи шахсии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиев Н.Н.-ро, ки дар паҳлӯи шоҳроҳи «Мақсат-Жани-Ҷер», дар деҳаи Қалъача деҳоти Овчӣқалъача воқеъ аст, оташ заданд.
– Рӯзҳои 26, 27 ва 28 сентябр сокинони деҳаи Бакайи ҷамоати деҳоти Оқ-Сойи ноҳияи Бодканд бе ягон сабаб ба манзилҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тоҷикони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара санг андохтанд. .
– 30 сентябри соли равон аз хонаи сокини маҳаллаи Кок-тоши ҷамоати деҳоти Оқ-Сой бо номи Аслам аз ҷониби Қирғизистон ба хонаи сокини деҳаи Сомонии Боло деҳоти Чоркӯҳ Разоқов А. ва ҳудуди мактаби миёнаи рақами 64 санг андохтанд.
– Рӯзи 1 октябр шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон хонаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамаризоева М.А. оташ заданд. Ду рӯз пеш аз ҳодиса нисбати писари ҷабрдида – Давлатов Д.И. аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи амали пешбининамудаи онҳо таҳдид шуда буд.
– Рӯзи 2 октябр сокини деҳаи Кучаи Боло деҳоти Ворух Нарзиев Н.Б., ки бо мошини шахсӣ аз деҳаи Оқ-Сой мегузашт, мавриди ҳамлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифт. Дар натиҷа мошини «Шкода» рақами давлатиаш 9451WD02 зарар дид.
. – Рӯзи 3-юми октябр хизматчиёни ҳарбии КД-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар дидбонгоҳи сарҳадии «Мақсат» хидмат мекарданд, бинокорони тоҷикро, ки дар барқарорсозии инфрасохтори вайроншудаи кӯчаи Бахори деҳаи Қалъача деҳоти ноҳияи Рашт иштирок доштанд, ба иғво андохтаанд.
– Рӯзи 8 октябр мошини тамғаи Мерседес-Спринтер рақами давлатиаш 3170ТТ02, ки ба сокини деҳаи Гулистон деҳоти Ворух Насридинов М.Т. тааллуқ дошт, мавриди ҳамла қарор гирифт.
– Рӯзи 10 октябр мошини КамАЗ бо рақами давлатиаш 4934KN02, ки дар масири Исфара-Ворух ҳаракат мекард, мавриди ҳамла қарор гирифт.
– Рӯзи 10 октябр ҷониби Қирғизистон роҳи бригадаи №16-и кооперативи «Чоркӯҳ»-ро, ки аз канори мавзеи Мазорбаши деҳоти Самарқанд мегузарад, ғайриқонунӣ бастааст.
– Рӯзи 13 октябр ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Оқ-Сой ба мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақами давлатии 0735ТТ02 ҳамла карда шуд.
– 15 октябри соли равон мошини шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Туранбоев М.З. бо рақами давлатии 9982НР02 ҳангоми ҳаракат дар самти деҳоти Ворух аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон барои азназаргузаронӣ ғайриқонунӣ боздошт шудааст.
– 18 октябр шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ф. аз ҷониби низомиёни қирғизистон ғайриқонунӣ бозпурзӣ шудааст ва мавриди таҳқир қарор гирифтааст.
– Рӯзи 18 октябр як гурӯҳи сокинони деҳаи Оқ-Сой дар ҳолати мастӣ ба сӯи мошинҳои сокинони деҳоти Ворух Болтаева Ш.Х. (рақами давлатӣ 0100СН02), Турсунова А.И. (рақами давлати 8950SE02) ва Мансуров Д.А. (раками давлатй 1643РР02) санг андохтаанд. Дар натиҷаи ҳамла кӯдаки 9-сола ҷароҳат бардоштааст.
Далелҳои дар боло зикршуда шаҳодати бевоситаи амалҳои мақсадноки ҷониби Қирғизистон барои ташдиди вазъият ва барангехтани даргириҳои нави мусаллаҳона ва адовати миллӣ дар манотиқи марзӣ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории қатъии худро ҷиҳати риояи қатъии тавофуқоти ҳосилшуда оид ба масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда танҳо бо усулҳои сиёсию дипломатӣ тасдиқ мекунад.
Ҳамаи ин сарфи назар аз изҳороти оммавии баъзе мансабдорони Қирғизистон, ки дар гумроҳии амиқ қарор доранд ва имкони ба даст овардани сулҳи байни кишварҳо ва халқҳои моро рад карда, боиси ихтилофи байни низомиён ва аҳолии осоишта мегарданд, рух медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон бояд ба изҳорот ва рафтори онҳо баҳои муносиб диҳад.