22-юми октябр дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми мустанади «Морхӯр» баргузор гардид. Дар ин бора «Тоҷикфилм» иттилоъ дод.
Филми мазкур дар доираи ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори диёри зебоманзари Тоҷикистон таҳия ва рӯйи навор омадааст. Дар эҷоди филм коргардон Сафар Саъдиев, муаллиф Шаҳбоз Аброр, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, танзимгар Ҳусейн Азизов саҳм гузошта, роҳбари гурӯҳи кориро Толиб Ғайбуллозода ба зимма дошт.
Бузи пармашох ё Морхӯр, ки яке аз ҳайвоноти нодири кишвар маҳсуб ёфта, дар ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳу Дарвоз, Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум», парваришгоҳи «Хуталон», атрофи Сариғор, Хирманҷо ва Кишт, инчунин аҳён — аҳён дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Вахш ва кӯҳи Сарсарак, дар нишебиҳои сершахи кӯҳӣ, ки дарахту буттаҳо мерӯянд, дар баландиҳои 700 — 2700 метр аз сатҳи баҳр нигоҳубину парвариш меёбад, дар маърази асоси филм қарор гирифтааст.
Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тарзи зисту зиндагонии ин ҳайвони камшумул, куҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои дилфиреб ва дараву макони хушобу ҳавои ин гӯшаи диёрро рӯйи сафҳаи дурбинҳои наворбардорӣ мунаққаш сохтанд, ки дар пардаи синамо басо ҷолибу дилангез таҷассум шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи филми мустанад ифшои розҳои нуҳуфтаи табиати афсункори Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон арзёбӣ мегардад.
Филм бо забони тоҷикӣ ва зерматнҳои русиву англисӣ таҳия гардида, барои тамоми алоқамандони синамо пешбинӣ шудааст.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамкориҳоро бо дигар ташкилоту муассисаҳо идома хоҳад дод.